IQNA

 Эрдуғон мусҳафи Истамбулро ба идораи Ёдгорҳои муқаддас эҳдо кард + филм

11:09 - April 07, 2024
рақами хабар: 1327
ИКНА - Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ба унвони бахше аз аъмоли мазҳабии шаби бисту севуми моҳи Рамазон, дар маҳалли Қасри Топкапӣ аз Абои Паёмбари Ислом (с) боздид ва дар идома мусҳафи Истамбулро ба идораи Ёдгорҳои муқаддас эҳдо кард.

Ба гузориш манобеи хабарӣ, раисҷумҳури Туркия мусҳафи Истамбулро ба идораи Ёдгорҳои муқаддас тақдим кард.

Мусҳафи Истамбул бо тамаркуз бар кулли таърих ва ҷуғрофияи давраи исломӣ аз даврони хулафои рошидин то имрӯз, нусхаи хаттии матни Қуръони Каримро дар 10 ҷилд дар бар мегирад.

Мусҳафи Истамбул тайи 8 сол тавассути хатот Ҳусайн Кутлу ва тими 66 нафарааш дар Истамбул навишта шудааст. Ин кор бо ҳадафи ковуш дар таърихи ҳунарҳои қуръонӣ дар тӯли 15 қарн тамаддуни исломӣ, ба пешниҳоди Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури ин кишвар анҷом шуд. 

Ин ибтикор суннати «Накашана» (Наққошхона)-ро, ки дар қарни ҳаҷдаҳум аз байн рафт, эҳё мекунад. Накашана ба тарроҳи салтанатӣ дар дохил ё атрофи кохҳои Усмонӣ ишора дорад.

Ин нусхаи хаттӣ бо абъоди 365 дар 559 мили метр ва дар маҷмӯъ шомили 850 сафҳа, ба хотири кумаки Эрдуғон ба уламо ва тамаддуни исломӣ ба вай ироа шуд. Дар тавлиди ин нусхаи дастнавис, дар маҷмӯъ аз 800 ҳазор сафедаи тухми мурғи органикӣ барои 200 ҳазор барги коғаз истифода шудааст. Ҷавҳарҳои истифода шуда дар кор низ тавассути Ҳусайн Кутлу ва тимаш аз маводди комилан табиӣ таҳия шудааст.

Дар ин асари 10 ҷилдӣ, ҷилди берунӣ, ҷилди дохилӣ, коғазҳои поёнӣ ва сафаҳоти унвони ҳар ҷилд ба сабкҳои мухталиф тарроҳӣ шуд, ки вижагиҳои давраи марбутаро мунъакис мекунад. Илова бар ин, як дастгоҳи коғазсозии тахассусӣ ба таври хос барои андозагирии коғазҳо сохта ва ҳазор чоп акси вижа аз ин нусхаи хаттӣ бо абъоди мушобеҳи нусхаи аслӣ тавлид шуд.

Эрдуғон ҳамчунин дар ин дидор аз Абои мансуб ба Паёмбари Акрам (с) дар музаи Топкапӣ боздид кард.

 

 

اردوغان مصحف استانبول را به اداره یادگارهای مقدس اهدا کرد + فیلم

 

 

اردوغان مصحف استانبول را به اداره یادگارهای مقدس اهدا کرد + فیلم

 

 

اردوغان مصحف استانبول را به اداره یادگارهای مقدس اهدا کرد + فیلم

 

 

код
 

https://iqna.ir/fa/news/4208903

captcha